ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон аз варзишкороне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар соли 2017 пирӯз шудаву медол овардаанд, бо ҷоизаҳои нақдӣ арҷгузорӣ кард.
Бино ба амри раисҷумҳур Раҳмон барои арҷгузорӣ аз ин варзишкорон ва муррабиёнашон 653 ҳазору 750 сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Яке аз ин варзишкорон Дилшод Назаров аст, ки барои медоли тилло аз Қаҳрамонии гурзандозии Осиё 75 ҳазор сомонӣ дарёфт кардааст. Аз ин маблағ 15 ҳазор сомонӣ ба муррабияш таъаллуқ хоҳад дошт.
Ҳамин гуна ҷоизаро Комроншоҳ Устопириён низ дарёфт мекунад, ки медоли тиллои Қаҳрамони ҷудои Осиёро ба даст оварда буд.
Дар миёни дарёфткунандагони Ҷоизаи кишвардори Тоҷикистон 16 варзишкор дар 6 риштаи олимпӣ, аз он ҷумла 11 ҷудокор ва якеӣ варзишкор дар риштаҳои даву майдонӣ, куштии фарангӣ, муштзанӣ, каратэ-до, қаиқронӣ ва ҳамчунин 5 самбокор ва 3 ҷиу-ҷитсукор ҳастанд.
Маблағи Ҷоизаи кишвардори Тоҷикистон мутаносиб бо дастовардҳои варзишкорон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ва Осиё аз 6 ҳазору 250 сомонӣ то 75 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.