Пирӯзии таърихӣ: Беҳрӯз Хоҷазода қаҳрамони ҷаҳон шуд

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкТурнир по самбо, архивное фото
Турнир по самбо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Паҳлавони тоҷик-Беҳрӯз Хоҷазода дар қаҳрамонии ҷаҳон аз рӯи риштаи самбо пирӯз ва соҳиби медали тилло шуд

ДУШАНБЕ, 12 ноя- Sputnik. Беҳрӯз Хоҷазода, паҳлавони тоҷик, рӯзи 11-уми ноябр дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон шаҳри Сочи дар вазни 74 кило унвони қаҳрамонӣ гирифт.

Дар ин бора дар равобити умумии Федератсияи самбои Русия хабар дода шудааст.

Паҳлавони тоҷик бо гирифтани ҷои якум ва медали тилло дар қаҳрамонии ҷаҳон, пас аз 42 сол қаҳрамонии Саидмуъмин Раҳимовро такрор кард.

Акмалиддин Каримов - чемпион Азиатских игр Ашхабад 2017 по самбо - Sputnik Тоҷикистон
Акмалиддин Каримов: қаҳрамон будан мушкилтар аз қаҳрамон шудан аст

Саидмуъмин Раҳимов чунин унвонро дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар вазни 100 кило дар шаҳри Мински Беларус соҳиб шуда буд.

Ба ҷуз Беҳрӯз Хоҷазода, дар рӯзи дуюми мусобиқот, яъне 11 ноябр  Акмалиддин Каримов дар сабқати самбои варзишӣ дар вазни 57 кило мақоми дувумро гирифт ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари русиягӣ Саян Хертек мағлуб шуд. Ҳамчунин дирӯз ду варзишкори дигари тоҷик дар риштаи самбои размӣ қувваозмоӣ карданд. Сорбон Латифов дар вазни зери 62 кило барандаи медали биринҷӣ гардиду Бахтовар Замиров дар вазни зери 82 кило бе медал монд.

Мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Қасри "Айсберг"-и шаҳри Сочии Русия то рӯзи якшанбеи 12-уми ноябр идома меёбад.

Ба ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбои варзишӣ Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) дохиланд. Инчунин, дар риштаи самбои размӣ Тоҷикистонро се варзишгар — Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг) ва Бахтовар Замиров (82 кг) — ворид шуданд.  

Лентаи хабарҳо
0