Фармони раисҷумҳур дар бораи "Соли рушди сайёҳӣ" эълон шудани соли 2018 ба имзо расид

© Фото : Пресс служба Президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд, омдааст дар фармони раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Имрӯз фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"  эълон шудани соли 2018 ба имзо расид. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, эҳё ва дастгирии ҳунарҳои мардумӣ, фармон медиҳам:

1. Соли 2018 "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон карда шавад.

2. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд", — омадааст дар фармони раисҷумҳур.

Кишвардори Тоҷикистон 22-уми декабр ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод кард, ки соли 2018 Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ эълон кард

"Пешниҳод мекунам, ки соли 2018 — Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад", — гуфта буд раисҷумҳури кишвар.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишвар тамоми имконоташро барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон равона хоҳад кард.

Соли 20017 дар Тоҷикистон бо пешниҳоди кишвардори Тоҷикистон "Соли ҷавонон" эълон шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0