Дар соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд 13 сохтмони варзишӣ ба баҳрабардорӣ расидааст

© Sputnik / Стас ЭтвешСтадион 20 летия независимости в Худжанде, архивное фото
Стадион 20 летия независимости в Худжанде, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳри Хуҷанд имсол 13 бунгоҳи варзишӣ сохтаву ба баҳрабардорӣ расонда шудааст

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ба гузориши шаҳрдории Хуҷанд, дар соли равон дар маҳаллаҳои Мевағул, Темурмалик ва Суғдиён маҷмааи фароғативу варзишӣ барои шуғли кӯдакон, бозии футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдончаҳо барои бозии футбол ба баҳрабардорӣ расидаанд.

Худжанд стал четырехкратным обладателем Кубка Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
"Хуҷанд" бори чаҳорум барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд

Ҳамчунин дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи фаннии Муҳаммад Осимӣ, Коллеҷи пизишкии Юсуф Исҳоқӣ, Донишгоҳи Бобоҷон Ғафуров ва мактаби хусусии "Гулчини маърифат" низ майдончаву толорҳои варзишӣ бунёд шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳамакнун дар шаҳри Хуҷанд беш аз 260 бунгоҳу созаҳои варзишӣ дар хидмати дӯстдорони варзиш қарор доранд.

Лентаи хабарҳо
0