ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Клуби "Хуҷанд" барои чаҳорумин бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд. Дар ин бора равобити умумии Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат баргузор шуд. Дар даври ниҳоӣ тимҳои "Истиқлол" ва "Хуҷанд" бо ҳам рақобат карданд.
"Дар даври ниҳоии бозии футбол барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон дастаи Рустам Хоҷаев тими "Истиқлол"-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Ин пирӯзӣ бо ба нишон расонидани тӯб аз ҷониби Манучеҳр Аҳмадов (дар 41-ум дақиқаи бозӣ) ва Ҳикматулло Расулов (дар 56-умин дақиқаи бозӣ) ба даст омад", — омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин капитани дастаи "Хуҷанд" Манучеҳр Аҳмадов бозигари беҳтарин шинохта шуд.
Ҳамин тавр бозигарони дастаи "Хуҷанд" барои чаҳорумин бор барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуданд. Пештар тими "Хуҷанд" солҳои 1997/1998, 2002 ва 2008-ум Ҷоми Тоҷикистонро ба даст оварда буд.