ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Имрӯз дар Кохи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, дар кори маҷлис сараввал масъалаи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018 баррасӣ гардид.
Сипас, дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018", "Дар бораи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2021" ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019" гузориши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
"Ҳамчунин дар кори маҷлис аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла, дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ", дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти дорусозӣ", оид ба лоиҳаи Қонуни ҶТ "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҶТ"-ро муҳокима карда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод намуданд", — омадааст дар иттилои манбаъ.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи чарогоҳ" ирсол карда шуд.
"Дар охири кори маҷлискишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба ҳарчи зудтар таҳия кардани Нақшаи чорабиниҳо ва пеш бурдани корҳои фаҳмондадиҳии бандҳои Паёми раисҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баҳри иҷрои ҳатмии супоришҳое, ки аз Паём бармеоянд, дастурҳои мушаххас дод", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Супоришҳои дигар ба Ҳукумати ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо дар бораи корҳои ободонию созандагӣ дар саросари кишвар, бахусус дар пойтахт, таъсиси борзорҳои маҳсулоти ниёзи аввал, намоишу фурӯши ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, таъмини пурраи аҳолӣ бо гармӣ, неруи барқ ва маводи ғизоӣ дода шуд.