ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллии кишвар бо роҳбарону масъулони як қатор воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни суханронӣ раисҷумҳур аз нақши кормандони ин ниҳоди қудратӣ дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ ёдовар шуда, барои иҷрои хизматҳояшон изҳори миннатдорӣ намуд.
Гуфта мешавад, кишвардор аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар аксар давлатҳо изҳори нигаронӣ карда,
"Бо ин далел аз ҳар як хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад",- таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур ҳамчунин аз як қатор камбудиҳо, аз ҷумла, қочоқи маводи мухаддир, набудани интизоми ҳарбӣ миёни ҷузъу томҳои қушунҳои сарҳадӣ ва қонуншиканиҳо зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ ёдовар шуда, аз роҳбарияти Кумита ислоҳи камбудиҳоро дар муҳлатҳои муайян талаб намуд.
Афзун бар ин раисҷумҳур аз ҳодисаҳои чанд моҳи охир дар сарҳади давлатӣ бо Афғонистон ёдрас шуда, гуфт, дар ин самт, яъне пурзӯр намудани интизом ва тақвияти неруҳои сарҳадӣ корҳои зиёде бояд ба анҷом расонда шавад.
"Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки имрӯз дар назди мақомоти амнияти миллӣ истодааст, ин пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро мебошад",- қайд кард раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дастур дод, ки ҷиҳати ҳарчӣ тезтар ба Ватан баргардонидани чунин афрод ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани онҳо чораҳои амалӣ андешида, дар шароити таҳдидҳои гуногуншакли террористӣ, ки ҳамарӯза дар нуқтаҳои мухталифи сайёра амалӣ карда мешаванд, роҳу усулҳои муборизаро низ тақвият бахшанд, то тавонанд бо ин зуҳуроти нангин муборизаи беамон баранд.
Дар охири суханронӣ раисҷумҳур ҳамаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳуриро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои рисолати бузург-ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору комёбиҳо орзукард.