ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Артиши Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон 112-ум шуд. Ин раддабандиро даргоҳи Global Firepower тартиб додааст.
Мувофиқи раддабандӣ ҷойи авалро Амрико, ҷойи дувумро Русия ва ҷойи севумро Чин гирифтаанд. Ба даҳгонаи бузургтарин артишҳои ҷаҳон Ҳиндустон, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон, Туркия, Олмон, Миср дохил шуданд. Дар раддабандӣ 133 кишвари ҷаҳон баррасӣ шудаанд.
Дар байни кишварҳои Осиёи Миёна артиши Узбакистон 48-ум, Қазоқистон 55-ум, Туркманистон 86-ум ва Қирғизистон 108-ум шудаанд.
Тибқи гузориши манбаъ, ҳангоми тартиб додани феҳрист 55 омил ба назар гирифта шудаанд. Қайд карда мешавад, ки на танҳо шумораи силоҳ, балки намудҳои он ҳисоб шудаанд. Ҳамчунин дар тартиб додани раддабандӣ мавқеи ҷуғроофӣ, имкониятҳои васитаҳои нақлиётӣ, иктишофи захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумораи низомиён ба назар гирфита шудааст.