ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Чанде пеш табаҳкороне ба ин қаҳвахона ҳамла карда ва яке аз кормандони онро, ки шаҳрванди Тоҷикистон будааст, гаравгон гирифтаанд.
Ба гузоришии равобити умумии Идораи кулли ВУД Русия дар вилояти Свердловск, табаҳкорон соҳиби ин қаҳвахонаро меҷустаанд ва ӯро наёфта яке аз хешовандонашро, ки дар ин қаҳвахона кор мекардааст, гаравгон гирифтаанд.
"Бозҷӯёни бахши бозҷӯии ҷиноӣ муайян карданд, ки муттаҳам ба судури ин ҷиноят ҷавони 24-соле буда, ки аз маҳалли ҷиноят бо худрави "Киа Рио" фирор кардааст. Ин муттаҳам ва худраваш ҳамакнун ҷустуҷӯ мешаванд", — гуфт Валерий Горелих, раҳбари равобити умумии Идораи кулли ВУД Русия дар вилояти Свердловск, ба хабаргузории РИА Новости.
Вай афзуд, ки кормандони пулис аз маҳалли ҳодиса теъдоде далоили шайъӣ, аз ҷумла чанд гилза аз тири тапонча, ёфтаанд, ки аз рӯи онҳо калибри силоҳи истифодашударо маълум кунанд.
Ҷавоне, ки зонуяш аз тири тапонча захмӣ шудааст, ҷарроҳӣ шудааст. Яке дигар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки табаҳкорон бинияшро шикастаанд, низ кумаки лозими пизишкиро дарёфт кардааст.
Пулис барои бозҷӯии ин қазия бар асоси қисми дувуми моддаи 111 Қонуни ҷиноии Русия (қасдан расондани осеби сахти ҷисмонӣ) парванда оғоз кардааст.