Эмомалӣ Раҳмон се тан аз афсарони Кумитаи амнияти миллиро генерал-майор кард

© пресс служба президента РТ Эмомали Рахмон выступает перед жителями Хатлонской области
Эмомали Рахмон выступает перед жителями Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур кормандони Кумитаи давлати амнияти миллиро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои рисолаташон борору комёбӣ орзу кард

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ бо роҳбарону масъулони як қатор воҳидҳои сохтории Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни суханронӣ раисҷумҳур  аз нақши кормандони ин ниҳоди қудратии ёдовар шуда, барои иҷрои хизматҳои шоиста изҳори миннатдорӣ намуд.
Гуфта мешавад, пас аз мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ба се тан аз афсарони Кумитаи амнияти миллӣ дараҷаи генерал-майёрӣ дод.

"Бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров "Рутбаи навбатии ҳарбии генерал-лейтенант", ба муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Нусратулло Мирзоев "Рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майор" ва ба Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар вилояти Хатлон Шомуддин Шарифов —"Рутбаи навбатии ҳарбии генерал-майор" дода шуд",-  омадааст дар иттилои манбаъ.

Раисҷумҳур кормандони Кумитаи давлати амнияти миллиро бо иди касбиашон табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои рисолаташон борору комёбӣ орзу кард.

Лентаи хабарҳо
0