Шаҳри Бӯстон ҳам дорои Нишони давлатии Тоҷикистон шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСтела при въезде в Чкаловск. Архивное фото
Стела при въезде в Чкаловск. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар майдони марказии шаҳри Бӯстон дар вилояти Суғд милае бо Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, маросими ифтитоҳи маҷмаъаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон имрӯз бо ширкати раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд.

Эмомали Рахмон на открытие швейных и обувных цехов на Государственном сельскохозяйственном предприятии Палос - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳур дар шаҳри Бӯстон ду коргоҳи тавлидиро ба кор андохт

Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар милае ба баландои 18 метр дар майдони назди Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон афрохта шудааст.

"Барои навсозии ин майдон ва гузоштани Нишони давлатӣ 1,2 миллион сомонӣ сарф шудааст", — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Тарҳи ин маҷмаъаро бунгоҳи тарроҳии "Лоиҳакаш" бо супориши шаҳрдории Бӯстон омода карда ва ширкати "Сомонзод" онро бунёд кардааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки чанде пеш дар ин шаҳр корхонаи дорусозӣ низ ба баҳрабардорӣ расида буд. Ин корхонаро мудири ширкати "Фарм Суғд" Диловар Қувватзода бунёд карда ва дар маросими роҳандозии он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ширкат карда буд.

Лентаи хабарҳо
0