ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии раисҷумҳур, ин коргоҳҳоро Ожонси таъминоти амволи махсуси Ҳукумати ҶТ бунёд кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими расмӣ роҳандозии ин коргоҳҳоро "иқдоме муъассир" дар бароварда сохтани ниёзҳои Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ба пӯшоку пойафзор ва корофаринӣ барои шаҳрвандон арзёбӣ кард.
Гуфта мешавад, ки ин коргоҳҳо дар 2,4 ҳектор замин бунёд шуда ва барои 355 кас кор падид овардаанд. Чунончи, дар коргоҳи рахтдӯзӣ 230 коргар, коргоҳи кафшдӯзӣ — 50 коргар, коргоҳи дӯхти камзӯлҳои зимистонаи пашмин — 20 коргар ва коргоҳи кулоҳдӯзӣ ва таҳпӯш 57 коргар дар як баст кор хоҳанд кард. Агар ин коргоҳҳоро дар ду баст ба кор андозанд, беш аз 700 кас кордор хоҳад шуд.
Қарор аст, ки ин коргоҳҳо барои сохторҳои низомӣ ва интизомӣ пӯшоку кафш ва ҳамчунин барои донишомӯзон пӯшоки мактабӣ тавлид кунанд.
Бино бар ин гузориш, коргоҳи рахтдӯзӣ дар 8 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи куллии беш аз 3 милюн сомонӣ коло тавлид карда ва коргоҳи кафшдӯзӣ солиёна 30 ҳазор ҷуфт пойафзор тавлид мекунад. Музди миёнаи моҳонаи кормандон дар ин коргоҳҳо 1000 то 1500 сомонӣ аст.