Сармоягузорони тоҷику араб дар Риёз ҳамоиш баргузор мекунанд

© Фото : Информационная служба МИД РТЧрезвычайный и Полномочный посол Республики Таджикистан в Королевстве Саудовская Аравия Заробиддин Косими и Председатель Комитета по инвестициям Саудовской Аравии Ибрахим бен Абдуррахман ал-Oмар
Чрезвычайный и Полномочный посол Республики Таджикистан в Королевстве Саудовская Аравия Заробиддин Косими и Председатель Комитета по инвестициям Саудовской Аравии Ибрахим бен Абдуррахман ал-Oмар - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва Арабистон дар дидори сафири тоҷик бо раиси Кумитаи сармоягузории Подшоҳии Саудӣ баррасӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо раиси Кумитаи сармоягузории ин мамлакат Иброҳим ибни Абдурраҳмон ал-Умар  мулоқот намуд.

Додситонҳои кулли Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масоили ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар ин дидор роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуданд.

Косимӣ ва ал-Умар бар зарурати фаъол намудани Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва фаннии ду кишвар таъкид карда тавофуқ карданд, ки дар наздиктарин замон дувумин ҷаласаи ин Кумисиюн ва форуми иқтисодиву сармоягузорӣ бо ширкати соҳибкорони ду кишвар дар шаҳри Риёз баргузор шавад.

Иброҳим ибни Абдурраҳмон ал-Умар раиси бахши арабистонии Кумисиюни муштараки ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ ва фаннии Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Лентаи хабарҳо
0