ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар ин бора расонаҳои расмии Тоҷикистн хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ин коргоҳ дар марҳилаи аввал аз ҷониби Раёсати ҷавонон дастгирӣ мешавад.
"Ҳоло ин коргоҳро Раёсати ҷавонон бо ашёи хом таъмин мекунад ва дар оянда тибқи шартнома коргоҳи бофандагию ресандагиро худи сокинони деҳот таъмин мекунанд", — омадааст дар хабарнома.
Раиси ҷамоати деҳоти Тусиён Манзура Раҷаббекова гуфтааст, ки аксарияти деҳотиён ба парвариши чорво машғуланд ва дар гузашта намедонистанд, ки пашми бузу гӯсфандонашонро чӣ гуна истифода баранд. Ҳоло барои онҳо имконият фароҳам оварда шуд.
Дар оянда онҳо ният доранд, ки чунин коргоҳҳои хурди бофандагию ресандагиро дар деҳоти дигари вилоят ба роҳ андохта, дар пайдо кардани мизоҷон ба ҳунармандони мардумӣ кумаки худро расонанд.
Ин коргоҳ рӯзи ироаи паёми раисҷумҳур, 22 декабр ба фаъолият оғоз кардааст.
Ёдоварӣ мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон соли 2018-ро "Соли гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълом карду фурӯши молҳои дастиро аз андоз озод намуд.
"Бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад", — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.