ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Беш аз 560 корманди Вазорати молияи Узбакистон пас аз танқиди сахти Шавкат Мирзиёев аз вазифаҳояшон барканор шуданд.
Дар ин бора оҷонсии УзА. бо такя ба Вазорати молия хабар медиҳад.
Шавкат Мирзиёев рӯзи ҷумъа зимни ироаи паём ба ҳарду палата, фаъолияти Вазорати молияро тунд танқид карду ба вазири ин ниҳод дастур дод, ки дар давоми даҳ рӯз коргарони бекорхӯҷаро аз вазифа сабукдӯш карда ба ҷои онҳо кадрҳои "ҷавони ватандӯст"-ро ба кор гирад.
"Аз 22 декабри соли равон то имрӯз 562 корманди Вазорати молия, Кумитаи хазинадорӣ ва Бунёди нафақа аз вазифаҳояшон барканор шуданд", — омадааст дар хабарнома.
Дар ин росто дар Вазорати молия 24 корманд, 65 кормандони Кумитаи хазинадорӣ, 100 коргари Бунёди нафақа, 273 кормандони созмонҳои маҳаллӣ аз вазифа барканор шудааст.
Раисҷумҳури Узбакистон зимни ироаи паём ба парлумон фаъолияти Вазорати молияро сахт танқид кард.