Раисҷумҳур 50 вазифадорро аз Вазорати молия сабукдӯш кард

© Sputnik / Сергей СубботинПортфели, архивное фото
Портфели, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пас аз танқиди тунди раисҷумҳур дар Вазорати молия тағйироти бузурги кадрӣ ба амал омад

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Пас аз танқиди тунди раисҷумҳур дар Вазорати молия тағйироти кадрӣ ба амал омад. Рӯзи шанбе, 23 декабри соли равон 50 вазифадори Вазорати молия барканор шуданд.

Дар ин бора Sputnik Узбакистон бо такя ба Kun.uz хабар медиҳад.

Ба иттилоъи манбаъ, раҳбари Раёсати андоз ва гумрук Ирина Голишева, раҳбари Раёсати ҳисобдорӣ ва аудит Шарофиддин Ҳайдаров ва ҳамчунин ду муовини вазир аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

Сабаби сабукдӯш шудани онҳо камбудиҳое мебошанд, ки  дар тӯли ин сол ошкор шудааст. Дар маҷмӯъ 50 вазифадори Вазорати молия аз вазифа барканор шуд.

Пештар рӯзи 22 декабр раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев кори Вазорати молияро танқид кард. Ӯ вазири молия Ҷамшед Кучкаровро вазифадор кард, ки дар муддати 10 рӯз вазоратро аз бекорхуҷаҳо пок кунаду ба ҷои онҳо "ҷавонони ватандӯст"-ро ба кор гирад.

Шавкат Мирзиёев ҳушдор додааст, ки дар сурати иҷро нашудани ин супориш худи вазир ҳам курсияшро аз даст хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0