ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Хуҷанд хисороти аз тундбоди шаби гузашта расидаро муайян кард. Чунонончӣ сухунгӯи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов хабар медиҳад, дар натиҷаи тундбоди шаби гузашта дар Хуҷанд 4 истгоҳи барқӣ, 40 сутуни барқ, зиёда аз 100 дарахт, боми як чанд манзилҳои баландошёна, иншооти обрасон, ноқилҳои барқӣ, беморхонаву мактабҳо, кӯдакистонҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим хароб шуда, аҳолӣ бе нирӯи барқ ва қисме бидуни оби нӯшокӣ монданд. Тавре манбаъ афзудааст, хушбахтона талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло қисме аз иншоотҳои харобшуда барқарор гашта, корҳо дар ин самт идома доранд.
"Субҳи 27 декабр тамоми сохторҳои коммуналӣ ва сохтмонии шаҳр барои барқарор намудани иншооти харобгардида ҷалб карда шуданд ва то нисфирӯзӣ қисме аз он барқарор гардиданд",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Тавре манбаъ қайд мекунад, ин гуна офати табиӣ тайи 30-40 соли охир бори аввал дар шаҳри Хуҷанд рух додааст.
Ҳукмати шаҳр афзудааст, барқарорсозии хисороти бамиёномада идома дорад.
"Бояд гуфт, ки аксари офатҳои табииро пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст ва офати табиии рухдода 30-40 соли охир дар шаҳри Хуҷанд ба амал наомада буд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори соҳа барои барқарор намудани иншооти бар асари офати табиӣ зарардида, нақша чорабиниҳо таҳия намуда, чораҳои мушаххас андешида истодааст. Мутасаддиёни соҳа, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва бо ҷалби шаҳрвандон зарари расида муайян шуда истодааст.",- омадааст дар иттилои манбаъ.
Ҳамчунин Ҳукумати шаҳр даъват кардааст, ки сокинон ҳангоми бартараф сохтани оқибатҳои офати табиӣ ҳамдасти Ҳукумат бошанд ва бар ҳар гуна дасисаву овозаҳо бовар накунанд.