ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тундбод арчаи марказиро ҳам чаппа кардааст. Дар ин бора бошандагони шаҳри Хуҷанд хабар додаанд.

Ба гуфти бархе аз хуҷандиҳо, тундбод боми бисёре аз сохтмонҳо, симҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои обрасониро канда аст.
"Мо на барқ дорему на об", — навиштааст яке аз корбарони Фейсбук.
Мадина Ҳасанова навиштааст, ки шаби душвореро аз сар гузарондааст. Дар ин росто Ҷамшед Комилов чунин навиштааст, "бомдод соати 5 шаҳрро гаштам, дар маҳаллҳои 8-12-13-18 ва 19 дарахтон решакан шудааст".
"Бомҳои хонаҳои моро шамол бурду қубурҳои обгузар вайрон шуданд", — навиштааст Гулбаҳор Расулова.
Ҳамчунин ин тундбоди харобиовар ба бемористони марказӣ ҳам зиён расонидааст.




"Тамоми шаб хоб накардам. Садои тундбод хеле сахт буд. Ва садоҳои решакан шудани дарахтон шунида мешуд. Антенаҳо аз болои бомҳо париданд", — навиштааст Шарифҷон Тоҷибоев.