Тоҷикистон молиёт аз баҳрабардорӣ аз роҳҳоро чигуна ҳазина хоҳад кард?

© SputnikТранспорт Душанбе. Архивное фото
Транспорт Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сармое, ки давлат аз ҷамъоварии молиёт аз ронандаҳо ба даст хоҳад овард, барои таъмини молии тарҳҳои роҳбурдӣ ва вомбаргҳои урупоӣ ба кор бурда хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Маҷлиси намояндагон қарор дода, ки даромаде, ки давлат аз ҷамъоварии молиёти роҳро ба даст хоҳад овард, барои таъмини молии тарҳҳои роҳбурдӣ ва вомбаргҳои урупоӣ ба кор бурда шавад.

Муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмуҳаммадова дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагон  гуфт, ки дар будҷаи соли 2018 аз дарёфти молиёти баҳрабардорӣ аз роҳҳо 360 милюн сомонӣ (баробар бо 40,8 милюн дулор) ба даст хоҳад овард. Дар соли 2019 ин маблағ 375 милюн сомонӣ ва дар соли 2020  — 390 милюн сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Вай афзуд, ки ин сармоя барои таъмини молии тарҳҳои роҳбурдӣ ва вомбаргҳои урупоӣ ба кор гирифта хоҳад шуд. Чунончи, барои пуштибонии молии вомбаргҳои урупоӣ дар соли оянда қарор аст 321 милюн сомонӣ (36,4 милюн дулор) ҳазина карда шавад.

Дорога в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То соли 2020: Тоҷикистон молиётситонӣ аз ронандагонро се сол пас бас мекунад

Вакили Маҷлиси намояндагон Ҷаббор Аҳмадов дар ин ҷаласа пешниҳод кард, ки маблағи "молиёти роҳ" натанҳо ба будҷаи давлатии Тоҷикистон ворез шавад, чунон ки ҳамакнун роиҷ аст, балки бахше аз он ба будҷаҳои маҳаллӣ ҳам ворез шавад.

"Роҳҳои маҳаллӣ асосан аз ҳисоби будҷаи шаҳру ноҳияҳо таъмир мешаванд, лекин молиёт аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард пурра ба будҷаи кишвар пардохта мешавад, ки мушкилоте барои ҳукуматҳои маҳаллӣ дар пай дорад", — тавзеҳ дод вай.

Ин пешниҳодро раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дастгирӣ кард ва гуфт, ки онро бояд дар таҳияи Будҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2019 дар назар гирифт.

Лентаи хабарҳо
0