То соли 2020: Тоҷикистон молиётситонӣ аз ронандагонро се сол пас бас мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевДорога в Душанбе. Архивное фото
Дорога в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шурои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон молиёти баҳрабардорӣ аз роҳҳоро, ки қарор буд аз имсол дигар ситонда нашавад, ҳамчунон бар ҷой гузошт

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Маҷлиси намояндагон, Шуро ба ин натиҷа расид, ки бо таваҷҷуҳ ба буҳрони молии ҷаҳонӣ, камбуди даромад ва пуштибонӣ аз будҷа, ин молиёт то 31 декабри соли 2020 аз ронандагон дарёфт карда шавад.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазифаро иҷро накардед: Кишвардор раиси кумитаи андоз ва хадамоти гумрукро танбеҳ дод

Давлат дар назар дорад дар соли 2018 аз молиёти истифодаи роҳҳои мошингард 360 милюн сомонӣ (40,8 милюн дулор) даромад ба будҷа дарёфт кунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА.

Соли 2012 ҳангоми баррасӣ ва тасвиби Қонуни нави молиёт эълом шуда буд, ки молиёти истифода аз роҳҳои мошингард аз моҳи январи соли 2015 коҳиш хоҳад ёфт ва аз 1 январи соли 2017 комилан бекор карда хоҳад шуд.

Аммо дар поёни соли 2016 Маҷлиси намояндагон бекор кардани ин молиётро то 1 январи соли 2018 вогузор карда буд.

Вазорати молияи Тоҷикистон он замон дар мухолифат бо бардоштани молиёти истифода аз роҳҳои мошингард далел оварда буд, ки бо лағви ин молиёт будҷаи давлатӣ дар соли 2017 камобеш 360 милюн сомонӣ камбуд хоҳад дошт.

Лентаи хабарҳо
0