ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Хабаргузории "Форс" ба нақл аз мудири Идораи низомҳои пардохти Бонки марказии Эрон аз музокироти ҳуқуқии Эрону Русия барои иттисоли кортҳои банкии ду кишвар гузориш медиҳад.
"Эрону Русия дар ҳоли озмоишҳое дар заминаи ба ҳам пайвастани сомонаи кортҳои бонкии ду кишвар ҳастанд ва бонкҳои марказии Эрону Русия бояд ба тавофуқҳои мавриди ниёз дар ин замина даст ёбанд", — гуфтааст Довуд Муҳаммадбейгӣ ба ин хабаргузорӣ.
Вай афзудааст, ки Эрону Русия ҳамчунин барои имзои тавофуқномаи расмӣ миёни бонкҳои марказии ду кишвар музокира доранд, ки қарор аст мушкилоти ҳуқуқӣ миёин ду кишварро бартараф кунад.
Муҳамадбейгӣ ҳамчунин гуфтааст, ки Эрон дар заминаи кортҳои эътибории байналмилалӣ ҳамакнун ҷиддитарин иртиботро бо Русия дорад ва пешбинӣ мешавад, ду кишвар дар заминаи кортҳои электронӣ низ ҳамкорӣ кунанд.