ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Коршиносони омори Русия пешбинӣ кардаанд, ки то соли 2036 аҳолии Русия метавонад аз ҳисоби муҳоҷирон ба 154 миллион нафар расад.
Коршиносон, дар ин масъала назарҳои мухталиф доранд: касе аз онҳо назари хушбинона ва бархе аз онҳо бадбинона доранд.
Новобаста аз ин, коршиносон мегӯянд ҳангоми кам шудани аҳолии Русия қувваи корӣ низ кам мешавад, ки ин ба манфиати кишвар нест.
Зиёдшавии умумии аҳолӣ, мувофиқи пешгӯиҳо аз ҳисоби муҳоҷирон сурат мегирад.
"Русия ба давраи нобаробарии ҷинсиву синнусолӣ рӯ ба рӯ шуд, ки он аз солҳои 1990 маншаъ мегирад. Дар он солҳо якбора таваллуд кам шуд ва марг зиёд шуд, аз ҷумла дар доираи аҳолии қобили кор шумораи таваллуд кам ва шумораи марг зиёд шуд",- омадааст дар омори Вазорати меҳнати Русия.
Агар ҳамин тавр тамоюли камшавии аҳолии Русия давом ёбад, ҳар сол кишвар то миллин нафар аҳалиашро аз даст медиҳад.
Коршиносон гуфтаанд, ки танҳо ҷалби муҳоҷирон метавонад Русияро аз пир шудани аҳолиаш наҷот диҳад.
Пештар вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Русия Максим Топилин эълом кард, ки кишвар метавонад пас аз ду се сол вобаста ба вазъияти демграфӣ чораандешиҳои иловагии демографиро пешниҳод кунад.
"Шояд пас аз ду се соли дигармеъёри дигаре пешниҳод кунем. Ман боварӣ дорам, ки дар шароите, ки шумораи занон кам мешавад ва ин аҳвол 15 соли дигар идома меёбад, албатта мо таъсири чораандешиҳои навро ба назар мегирем, шумораи таваллудро ба назар гирифта, сипас шояд меъёрҳои дигарро ҷорӣ кунем",- қайд кард вазири меҳнат.