ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ба гузориши расонаҳои Тоҷикистон, қатъи фаъолияти ин канали иртиботӣ ба дастури Бек Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба баҳонаи таъмини амнияти миллии кишвар сурат гирифтааст.
Пас аз қатъи NGN низ талоши вай барои иҷрои иқдоми мушобеҳ алайҳи каналҳои иртиботии Viber, Whatsapp, Telegram ва Imo идома дорад.
Ҳафтаи қабл вай дастури қатъи фаъолияти ин каналҳоро содир кард.
Бо таваққуфи иртибот аз тариқи NGN ҳазорон коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо ирсоли номаҳои эътирозӣ ба ин иқдоми Бек Сабурӣ, хостори бознигарии раиси Хадамот алоқа (иртиботот ва мухобирот)-и Тоҷикистон дар ин тасмим шуданд.
Канали иртиботии NGN танҳо василаи иртиботи арзони як миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия бо хонаводаҳояшон ба ҳисоб меомад.
Яке аз кормандони ширкати хадамоти телефони ҳамроҳ дар Тоҷикистон гуфтааст, онон аз сӯйи Хадамоти иртиботот ва мухобирот таҳдид шудаанд, ки сарпечӣ аз ин дастур ба маънии ҳамкорӣ бо террористҳо хоҳад буд.
Коршиносон мегӯянд, дар айни ҳол қатъи комили каналҳои иртиботӣ аз он ҷо ки марокизи ин каналҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор дорад, ғайримумкин аст. Магар ин ки Хадамоти иртиботот ва мухобироти Тоҷикистон тасмим ба қатъи интернет бигирад, ки ин корро нахоҳад кард.