ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Кормандони пулис дар шаҳри Маскав яке аз муттаҳамон ба ҳамла бар нигаҳбонони дафтари Иттиҳодияи соҳибони ҳаққи нашрро дастгир карданд.
Ба гузориши хабаргузории "Москва", ин шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон муттаҳам ба лату кӯби нигаҳбонон ва сахт захмӣ кардани яке аз онҳо шудааст.
Гуфта мешавад, ин ки ҷавон ҳамроҳ бо се каси дигар моҳи сентябр ду тан аз нигаҳбонҳои дафтари Иттиҳодияи соҳибони ҳаққи нашрро лату кӯб ва сахт захмӣ карда будаанд.
Яке аз ин нигаҳбонҳоро бо корд ба шикамаш зада ва дигареро гӯшашро буридаанд. Нигаҳбонҳо дар яке аз бемористонҳои Маскав бистарӣ шуда буданд.
"Яке аз муттаҳамон — шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон. 25 декабр шиносоӣ ва дастгир шуд. Ӯ ба ҷурми сахт захмӣ кардан муттаҳам шуда ва барои бозҷӯии ҷурмаш парванда оғоз шудааст", — гуфт намояндаи пулиси Маскав.
Вай гуфта ки пулис дигар ҳамдастонашро дар пайгард қарор дода ва ҷустуҷӯ дорад.