Дар Маскав марде сагро баҳона кардаву гӯши тоҷикеро кандааст

© Sputnik / Григорий Собченко / Гузариш ба медиабонкДворник, архивное фото
Дворник, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди бадхашме дар Маскав Маҳмуд ном муҳоҷире аз Тоҷикистонро, ки 10 сол боз дар яке аз ноҳияҳои пойтахти Русия кӯчарӯбӣ мекардааст, лату кӯб кардаву гӯшашро газидаву кандааст

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Коршиноси равобити умумии бунёди иҷтимоъии "Общественный вердикт» Иля Шатин ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки ин мард гӯё аз ин ки Маҳмул ҳамсарашро ранҷондаву пӯзиш нахостааст, хашмгин шуда ва ӯро лату кӯб кардааст.

Ба гуфти Иля Шатин, он мард ин кӯчарӯби тоҷикро ду бор лату кӯб карда ва мавриди нахуст ҳануз 15 август рух додааст.

Қазия аз ин қарор буда, ки Маҳмуд он рӯз аз зане дархост карда будааст, ки сагашро аз гулзоре, ки вай коштаву обёрӣ мекарда, дур кунад. нагузорад болои гулҳои коридааш ҳоҷаташро бароварда кунад. Фардояш шавҳари ин зан Маҳмудро сахт лату кӯб карда чанддандонашро шикастааст. Маҳмуд аз ӯ ба калонтарии пулис шикоят бурдааст, вале кормандони пулис шикояташро сабт накардаву маслиҳат додаанд, ки қазияро бо роҳи оштиҷӯёна ҳалл кунад.

© Facebook / Александр Пострадавший дворник с поврежденным ухом
Пострадавший дворник с поврежденным ухом - Sputnik Тоҷикистон
Пострадавший дворник с поврежденным ухом

"Маҳмуд ин маслиҳатро пазируфтааст, аммо рӯзи дигар он мард боз гаштаву хоста ӯро водор ба узрхоҳӣ аз ҳамсараш кунад. Маҳмуд аз узрхоҳӣ сар печида ва он мард бар ӯ ҳамла кардаву гӯши чапашро газида кандаст", — мегӯяд Шатин.

Маҳмудро аз дасти он марди "гӯшхор" роҳгузарҳо раҳо кардаанд. Ӯ ҳам фурсате ёфтаву санге бардоштаву он мардро задааст. Сипас Маҳмуд аз бунёди "Общественный вердикт" ёрӣ хоставу акнун вакил Ирина Бирюкова қазияашро пайгирӣ дорад, ки онро расонаӣ кардааст.  

Ирина мегӯяд, "Маҳмудро се рӯз дар бемористон ройгон доруву дармон карданд, вале гуфтанд, ки бояд дармонашро идома дод, ки шояд камобеш 100 ҳазор рубл ҳазинааш шавад, ки ӯ чунин пуле надорад. Вай даҳ сол боз дар ноҳияи Матвеевский кор мекунад ва ҳама бошандагон аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд".

Акнун ин қазияро Кумитаи бозҷуст ва Вазорати умури дохилаи Русия пайгирӣ доранд.

Лентаи хабарҳо
0