Раҳимзода: имрӯз барои таҳсилу фароғати донишҷӯён ҳама шароит ҳаст

© пресс-служба МВД РТВстреча министра внутренных дел с молодежью
Встреча министра внутренных дел с молодежью - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба муносибати "Соли ҷавонон" имрӯз - 25 декабр дар маҷлисгоҳи Академияи ВКД бо ширкати ҷавонони Душанбе, Хатлон ва Суғду Бадахшон ҷамъомади бошукуҳ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умуми ВКД, дар он вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон Аҳтам Абдуллозода, муовини вазири маориф ва илми кишвар Одиназода Бозоралӣ, роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону курсантони Академия ва намояндагони ҷавонони фаъол аз тамоми донишгоҳу донишкадаҳои олии минтақаву вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат карданд.

Умарджони Эмомали пресс-секретарь МВД Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Полковники милиса муҳоҷиронро ба дини мубини ислом раҳнамоӣ кард

Ба иттилоъи манбаъ, пеш аз оғози чорабинӣ меҳмонон, дар саҳни Академияи ВКД аз намоишгоҳи дастовардҳои илмиву варзишии омӯзгорону курсантони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дидан намуданд.

Вазири корҳои дохилӣ ба масъалаи таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаи раисҷмҳур ба ҷавонон дахл намуда, гуфтааст, ки тавре дар паём омадааст:

"Ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд", аз ин рӯ, ҳадаф аз ҷамъомади имрӯзаи мо низ аз наздик суҳбат намудан бо намояндагони ҷавонони фаъол аз тамоми минтақаҳои кишвар ва бохабар шудан аз ҳаёту фаъолияти онҳо мебошад.

© пресс-служба МВД РТҶамъбасти Соли ҷавонон дар ВКД
Ҷамъбасти Соли ҷавонон дар ВКД - Sputnik Тоҷикистон
1/2
Ҷамъбасти Соли ҷавонон дар ВКД
© пресс-служба МВД РТҶамъбасти Соли ҷавонон дар ВКД
Ҷамъбасти Соли ҷавонон дар ВКД - Sputnik Тоҷикистон
2/2
Ҷамъбасти Соли ҷавонон дар ВКД
1/2
Ҷамъбасти Соли ҷавонон дар ВКД
2/2
Ҷамъбасти Соли ҷавонон дар ВКД

Рамазон Раҳимзода "Соли ҷавонон"-ро натиҷабахш арзёбӣ намуда, тазаккур додааст, ки дар асоси Нақшаи якҷояи ВКД, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Вазорати маориф ва илм давоми соли равон дар вилояту шаҳрҳо ва минтақаҳои гуногуни кишвар конфронсу семинарҳо баргузор шуданд, ки дар онҳо шумораи зиёди ҷавонони касбу кори гуногун ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд.

Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода подарил часы молодому спортсмену, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳадяи Рамазон Раҳимзода ба Эмомҳусайни 7-сола

Вазир гуфтааст, ки имрӯз барои таҳсилу фароғат ва машғул шудан ба ҳар гуна машғулиятҳо барои ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайё мебошанд.

"Аз ҷумла, тавре шумо — намояндагони ҷавонони фаъоли кишвар дида истодаед, макони баргузории чорабинии имрӯзаи мо — Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, ки назираш дар Осиёи Марказӣ нест, дар арафаи Рӯзи дониш бо иштироки  Эмомалӣ Раҳмон имсол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки туҳфаи арзишманде буд дар "Соли ҷавонон".

Имрӯз дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД, аз ҷумла дар Академияи он барои машқу тамрингузаронии ҷавонон тамоми шароитҳо мавҷуд буда, ҳамсолони шумо дар толорҳои муҷаҳҳаз бо тамоми дастгоҳҳои зарурӣ ба намудҳои гуногуни варзиш машғул мешаванд", — гуфт вазир.

Вазир ҳамчунин гуфтааст, ки новобаста ба андешидани чораҳои зиёд баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил ба ҷавонон, мутаассифона ҳанӯз ҳам ҳолатҳои ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ шомил гардидани намояндагони ин табақаи ҷомеа ҷой дошта, авбошиву муноқишаҳои мактабиву гурӯҳӣ миёни онҳо ба қайд гирифта мешаванд.

Ҷавонони фаъол аз донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе, вилоятҳои Бадахшон, Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва дигар шаҳру навоҳии кишвар, ки шумораашон беш аз 100 нафарро ташкил медоданд, тайи ду рӯз — 24-25 декабри соли равон аз Академияи ВКД дидан намуда, бо дастовардҳои ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз наздик шинос гардиданд.

Манбаъ меафзояд, ки чанде аз ҷавонони фаъоли иштирокчии ин маҳфил, ҳамчун рамзи дӯстию рафоқат, аз тарафи Академияи ВКД бо Ифтихорномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0