ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ду раиси мақомоти баландпояи Тоҷикистонро танбеҳ додааст. Дар ин бора фармоиши вижаи раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дафтари матбуоти раисҷумҳур мунташир кардааст.
"Мутобиқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ба Давлатзода Нусратулло — Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдуфатоҳи Ғоиб — Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиашон танбеҳ дода шавад",- омадааст дар матни фармоиши Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, имрӯз кишвардори Тоҷикистон маҷлиси навбатии Ҳукумати ҶТ баргузор намуд. Дар ҷараёни маҷлис масоили маориф, фарҳанг, иқтисод, хоҷагӣ ва ғайраҳо баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин кишвардори Тоҷикистон бо далели ба таври бояду шояд иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ се мансабдори баландпояи кишварро сабукдӯш кард.