ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Бино ба иттилоъи сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон, маросими таҳвил додани ин ёрии башардӯстона 22 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Дар ин маросим сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов ба муовини мудири Ожонси захоири моддии Ҳукумати Тоҷикистон Соҳибҷон Зиёдуллоев гувоҳиномаи расиду дарёфти ин борро тақдим кард.
Дар ин гувоҳинома гуфта мешавад, ки ин бор аз 1 ҳазор тонна мазут ё нафти кӯра ташкил шуда, ки 273,2 ҳазор дулор арзиш дошта ва дар 16 вагон аз Қазоқистон ба Тоҷикистон оварда шудааст.
Сафири қазоқ дар ин маросим ёдоварӣ карда, ки Остона ҳар сол ба мардуми дӯсту бародари тоҷик ёрии башардӯстона мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи август низ Тоҷикистон аз Қазоқистон 120 тонна хӯроквориро ҳамчун кумаки башардӯстона дарёфт карда буд.