Тоҷикистон аз Қазоқистон ёрии башардӯстона дарёфт кард

© Посольство РК в РТПосол Казахстана в Таджикистане Нурлан Сейтимов принял участие в церемонии официальной передачи гуманитарной помощи РК таджикской стороне.
Посол Казахстана в Таджикистане Нурлан Сейтимов принял участие в церемонии официальной передачи гуманитарной помощи РК таджикской стороне. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қазоқистон ҳамасола ба мардуми Тоҷикистон, ки аз балоҳои табиӣ осеб мебинад, кумакҳои башардӯстона мерасонад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тоҷикистон аз Қазоқистон дар ҳаҷми 21 вагон ва арзиши беш аз 900 ҳазор дулор ёрии башардӯстона дарёфт кард.

Бино ба гузориши сафорати Қазоқистон дар Душанбе, маросими расмии таҳвили ёрии башардӯстона ба Тоҷикистон дирӯз дар ин ниҳод баргузор шуд. Дар ин маросим сафири Қазоқистон Нурлан Сейтимов гувоҳиномаи таҳвили борро ба Соҳибҷон Зиёдуллоев, муовини раиси Ожонси захоири моддии Ҳукумати ҶТ, супурд.

Ин ёрии башардӯстона аз 1320 тон орд, консервҳои гӯшту шир иборат буда ва 914 ҳазор дулор арзиш дорад.

Нурлан Сейтимов дар ин маросим гуфтааст, ки Қазоқистон ҳамасола ба мардуми бародари Тоҷикистон, ки аз балоҳои табиӣ осеб мебинад, кумакҳои башардӯстона мерасонад.

Лентаи хабарҳо
0