Бо Худо, бо халқ, бо Худ: устод Ҷӯрабек Муродов 75-сола шуд

Обуна шудан
"Ҷуз ин нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфт, Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бозӣ",- таманно мекунад устод Ҷӯрабек Муродов ба мардуми тоҷик дар рӯзи зодрӯзаш

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Имрӯз овозхон, мутриб, оҳангсоз, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов ба синни мубораки 75-солагӣ расид.

Тавре маъмури ширкати JM Production Фирӯз Ҳайдаров  ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, устоди ҳунар зодрӯзашро дар ҳалқаи наздикону дӯстонаш таҷил хоҳад кард.

Ба гуфтаи Ҳайдаров, маросми зодрӯзи ҳунарманд дар хориҷ бо ширкати наздикону дӯстонаш аз Узбакистон, Русия ва дигар кунҷу канори ҷаҳон баргузор мешавад.

"Дар маросими зодрӯзи устод ҳунармандони маъруф ва дӯстони эшон  чун Шералӣ Ҷӯраев, Лев Лешенко, Тамара Гвардсителива чанд ҳунармандони дигар ширкат мекунанд",- меафзояд ӯ.

Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон
Як қадами дигаре то дӯстӣ: Мирзиёев ҳунарнамоии Ҷӯрабек Муродовро васф кард

Ҳамчунин рӯзи 24-уми декабр ба нақша гирифта шудааст, ки дар шаҳри Хуҷанд ансамбли "Нури Хуҷанд" бахшида ба зодрӯзи Ҷӯрабек Муродов ҳунарнамоӣ кунад.

Тавре Фирӯз Ҳайдаров қайд мекунад, дар Тоҷикистон таҷлили ҷашни 75-солгии Ҳунарманди мардумӣ  расман аз 24-уми март, дар арафаи Наврӯз оғоз мешавад.

"Ба нақша гирифтаем, ки дар кишвар таҷлили 75-солагии устодро бо барномаҳои консертӣ дар баҳор оғоз кунем",- мегӯяд Ҳайдаров.

Ба гуфтаи вай, Ҷӯрабек Муродов нақшаи баргузор кардани барномаҳои консертиро бо сурудҳои тоза дар пойтахт, Хуҷанд ва минтақаҳои гуногуни кишвар дорад.

"Ҳоло дар ин бора ба Вазорати фарҳанг муроҷиат накардаем. Моҳҳои январ расман мактуб карда, иҷоза хоҳем гирифт",- мегӯяд вай.

Устод Ҷӯрабек Муродов баробари ҷашни зодрӯз, имсол 55-солагии фаъолияти ҳунариашро ҷашн мегирад. Ширкати JM бахшида ба зодрӯзи устоди ҳунар филми ҳуҷҷатиеро бо номи "Бо Худо, бо халқ, бо худ" мунташир карда, аз 50 соли фаъолияти ҳунарманди мардумӣ нақл кардааст.

Дар поёни филм, вақте ки ровӣ аз устод дар бораи орзуи эшон дар рӯзи зодрӯз пурсон мешавад, устоди ҳунар мегӯяд:"Ҷуз ин нагӯям, ки Рӯдакӣ гуфт, Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бозӣ. Ман ин таманиётро барои мардуми тоҷик дар рӯзи зодрӯзам ҳадя мекунам…

Ҷӯрабек Муродов-яке аз маъруфтарин ҳунармандони Тоҷикистон аст, ки коршиносон мегӯянд, бо фаъолияти пурсамар санъати тоҷикро боло бардоштаву номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ карда ва  мактаби ҳунарии худро таъсис додааст.

Sputnik Тоҷикистон устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродовро шодбош гуфта, ба эшон тансиҳативу хонаободӣ ва сарбаландиву муваффақият таманно мекунад.

Лентаи хабарҳо
0