ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар ин бора қарори раиси шаҳрои Душанбе Рустам Эмомалӣ ӣаромада буд.
Ярмаркаҳои солинавӣ дар таваққуфгоҳи назди Бозори "Меҳргон" (аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Суғд, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот", майдончаи назди бозори "Ховарон" (аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Тоҷикобод, Рашт, Сангвор ва Нуробод, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот"), майдончаи назди бозори "Қарияи боло"-и Корхонаи воҳиди давлатии "Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар шаҳри Душанбе" (аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Файзобод, Лахш ва шаҳри Ваҳдат, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот" баргузор мешаванд.
Ҳамчунин дар назди майдончаи назди бозори "Ёвар" (аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор ва Рӯдакӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот", қисмати ҷанубии Муассисаи давлатии "Боғи фарҳангу фароғатии "Дӯстии халқҳо"-и пойтахт (аз ҷониби муассисаю хоҷагиҳои кишоварзии вилояти Хатлон, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи "Тоҷикматлубот") низ маҳсулоти нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шудааст.
Ин ярмарка аз 20 декабр шурӯъ гардида, то 30 декабр идома меёбад.
Мақомоти Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро ба ин ярмаркаҳои солинавӣ даъват менамояд.