ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ бо ин мақсад аз ҷониби масъулин сенарияи Шоу- барномаи солинавӣ бахшида ба таҷлили Соли нави мелодӣ ва намоишномаи кӯдаконаи солинавии "Шаҳри афсонаҳо" дар Сирки давлатии Тоҷикистон таҳия гардида, ба иштирокчиёни ин намоишномаи солинавии кӯдакона тақдими 1840 адад туҳфаи солинавӣ дар назар дошта шудааст.
"Тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида барои бошукӯҳ гузаронидани ҷашни Соли нави мелодӣ дар майдони "Дӯстӣ" ва чор мавзеъи ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла, дар "Майдони 800-солагии Москва", Боғи "Дӯстии халқҳо", назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Сирки давлатии Тоҷикистон арчаҳои идона гузошта шудаанд. Ҳамчунин масъулини сохторҳои дахлдор вазифадор гардидаанд, ки боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳои фарҳангии пойтахтро бахшида ба Соли нави мелодӣ бо истифода аз чароғакҳои барқӣ ва хаёлоти рангини бадеӣ ороиш диҳанд".
Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки тибқи супориши Рустам Эмомалӣ барои тарбиятгирандагони мактаб — интернатҳо ва хонаи кӯдакони пойтахт барномаҳои идонаи солинавӣ баргузор шуда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим мегардад.
Ҳамзамон масъулини пойтахт вазифадор гардидаанд, ки дар арафаи иди Соли нав ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат, нафақахӯрони танҳои барҷомонда, шахсони ниёзманд, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ ва хона — интернатҳо барои пиронсолону маъюбон рафта, ба онҳо кумаки моддӣ расонанд.
31 декабр аз соати 20:00 то 22:00 дар майдони "Дӯстӣ" Шоу-барномаи солинавӣ баргузор мегардад.
Хотиррасон менамоем, ки 10 декабри соли равон дар маркази майдони "Дӯстӣ", рӯ ба рӯи тандиси Исмоили Сомонӣ арчаи солинавӣ бо баландии 25 метр қомат афрохт.
Арчаи солинавӣ бо муосиртарин таҷҳизоти ороишӣ зебу зиннат дода шуда, дар он ситораи ҳафтбурҷ ва чароғакҳои светоидӣ насб гардидаанд. Ин арчаи идона аз арчаҳои солинавии солҳои пешин бо ҳашамату зебоӣ фарқ дорад. Хусусан шабона бо фурӯзон гардидани чароғакҳои ранга арчаи солинавӣ боз ҳам диққатҷалбкунанда мегардад.
Сокинону меҳмонони пойтахт аз назди он бетавофут гузашта наметавонанд. Онҳо тавассути телефонҳои мобилӣ арчаи солинавиро бо шавқ аксбардорӣ намуда, аз зебогии он баҳра мебаранд.