ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бо қарори Маҷлиси Олии Узбакистон ҳашт додрас таъин ва се кас аз вазифаашон барканор шудаанд.
Тибқи маълумот Наимов Баҳриддин Азимович ва Балкибаева Жанагул Исмайловна додрасҳои Додгоҳи олӣ таъин шудаанд.
Ҳамчунин Исроилова Дилбар Келдиёровна, Ғуломова Муқаддас Зиёдуллоевна, Раҳмонов Навруз Бобоқулович, Қурбонов Туйгун Маматқулович, Ҳакимова Хусноро Тураҷоновна, Саидов Шуҳрат Захарович ба муҳлати даҳ сол таъин шудаанд.
Дар баробари ин Диёров Ботирали Муродович, Комилов Давлатмирзо Казакҷонович, Ҳайитов Олим Буриевич аз вазифаи додрасҳои Олии Узбакистон ба далели ба кори дигар гузаштанашон аз вазифа озод шуданд.
Пештар хабар дода шуд, ки ҳукумати Афғонистон қарори истеъфои волии вилояти Балх Атомуҳаммад Нурро баровард.
Волии балх Атомуҳаммад Нур арзаи истеъфои худро ба Ашраф Ғанӣ равон кардаву раисҷумҳур ҳам онро пазируфтааст.
Дар симати волии Балх акнун Муҳаммад Довуд ҷойгузини Нур шудааст.
Ин дар ҳолест, ки дар рӯзҳои гузашта хабари барканории оқои Нур танишҳои зиёдеро ба вуҷуд оварда буд ва ҳизби Ҷамъияти исломӣ, ки оқои Нур раисаш аст, ба ҳукумат ҳушдор дода буд, ки агар Атомуҳаммад Нур барканор шавад бо ҳукумат муқовимати сиёсӣ хоҳад кард.