Давлатмо Додихудозода раиси додгоҳи ВМКБ таъйин шуд

Обуна шудан
Давлатмо Додихудозода раиси додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ба гузориши хадамоти матбуоти раисҷмуҳр, дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон баромадааст.

"Додихудозода Давлатмо Бахтибек раиси додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, аз вазифаи раиси додгоҳи иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шавад", —омадааст дар фармон.

Президент РТ Эмомали Рахмон в Сочи - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар додгоҳҳо ва РКД дар ВМКБ, Хатлон ва Суғд

Бо фармони дигаре раисҷумҳур Қурбоншозода Нозигул Мастоншоро додситони додгоҳи иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин кардааст.

Ҳамчунин Меҳмон Аловиддин Бозгул раиси додгоҳи шаҳри Хоруғи ВМКБ таъйин гардида, аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Рӯшони озод шудааст.

Бо фармони раисҷумҳур, Бобизода Зафар Бобоназар раиси додгоҳи ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин гардида, аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Мурғоб озод шудааст.

Имрӯз генерал Шариф Назарзода сардори Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе таъйин гардид.

Пештар хабар дода шуд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо кадрҳое, ки дар мақомоти додгоҳӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот кард.

Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз авзоъи пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа минтақа нигаронӣ карда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъйингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намудааст.

Лентаи хабарҳо
0