ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Сафҳаҳои раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар Instagram ва Facebook дастнорас шудаанд.
Ҳангоми ворид шудан ба суроғаи @kadyrov_95 хабари дастнорас будани сафҳа дода мешавад.
Амрико рӯзи чаҳоршанбе нисбати чанде аз сиёсатмадорони Русия аз ҷумла Рамазон Қодиров таҳрим эълом кард.
Қодиров ба ин таҳримҳо бо шӯхӣ вокуниш кард.
"Ман пештар ҳам гуфта будам ва бори дигар барои фаромушхотирҳо такрор мекунам, ки ҳатто агар тамоми тиллои Амрикоро ба ман бахшанд, ман ба ИМА намеравам", —навиштааст Қодиров.
Рамазон Қодиров ҳамчунин илова кардааст, ки шаҳрвандони машҳури Амрико ба меҳмонии ӯ ба Чеченистон меоянд ва бархе мехоҳанд ба Чеченистон кӯчанд. "Онҳо таҳримҳои шуморо намеписанданд", — навиштааст Қодиров.
Пештар хабар дода шуд, ки Амрико Рамазон Қодировро ба рӯйхати сиёҳ ворид кардааст.
Рӯйхати Магнитский-рӯйхати шахсоне мебошад, ки ба онҳо воридот ба Амрико мамнуъ шудаст. Ба андешаи тартибдиҳандагони рӯйхат, гӯё ин ашхос дар ҳабс ва шиканҷаи Сергей Магнитский даст доранд.