ВУД ҶТ: ҷавоне дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо 5 ҳазор дона афзори оташбозӣ дастгир шуд

© Sputnik / Николай Хижняк / Гузариш ба медиабонкПродажа пиротехники в Краснодаре
Продажа пиротехники в Краснодаре - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷавони 22-солаеро бо 5000 адад афзори оташбозӣ дастгир кардааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милиса ҳангоми баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Қӯрғонтеппа, марди 22-солаи сокини ноҳияи Вахшро ба иттиҳоми хариду фурӯши ғайриқонунии афзорҳои оташбозӣ дастгир карданд.

Гуфта мешавад, дар паи бозрасии шахсӣ аз ӯ 5 ҳазор адад афзори оташбозии "Трения" ёфта ва мусодира карда шуд.

Бо далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ҳар сол дар остонаи соли нав мавсими шикори фурӯшандаҳо ва харидорони маводи тарфгарӣ дар Тоҷикистон оғоз мешавад.

Пештар ВУД хабар дода буд, ки як сокини шаҳри Истаравшанро ба иттиҳоми гардиши ғайриқонунии афзори оташбозӣ дастгир кардааст.

Аз ин шаҳрванд 7 ҳазору 840-дона оташафзори "Трения" ёфт ва мусодира карда шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0