Созмони Миллали Муттаҳид Байтулмуқаддасро пойтахти Исроил нашинохт

© Sputnik / Радик Амиров / Гузариш ба медиабонкВид на Иерусалим, архивное фото
Вид на Иерусалим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Доналд Трапм бошад, таҳдид кард: кишварҳоеро, ки қарордоди мазкурро ҷонибдорӣ мекунанд, ИМА маблағгузорӣ нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Маҷмаъи умумии СММ қарореро ба тасвиб расонид, ки он эътирофи Байтулмуқаддасро чун пойтахти Исроил макҳкум мекунад. Маҷмаи кул, ки қарори он хусусияти тавсияивӣ дорад, қайд мекунад, ки "ҳама гуна меъёр ва ҳаракатҳо,ки барои тағйир додании хусусият, вазъият ва таркиби демографии шаҳри муқаддаси Байулмуқаддас равон карда шудааст, эътибори қонунӣ надорад, ғайриқонунӣ ба ҳисоб меравад ва бояд бекор карда шавад".

Дар иҷлосияи СММ ин қарордодро 128 кишвари ҷаҳон эътироф карданд. Аз ҷумла Русия, қисми зиёди кишварҳои аврупоӣ ва ҳамчунин кишварҳои арабӣ ва исломӣҷонибдори қарордоди мазкур шуданд. Нӯҳ кишвари ҷаҳон аз ҷумла Амрико ва Исроил зидди ин қарордод овоз доданд. Гуфта мешавад, 20 кишвари дар овоздиҳӣ ширкат накарданд.

Иҷлосияи ғайринавбатии СММ бо ибтикори Туркия ва Яман, ки тарҳи қарордодро омода карданд, баргузор гардид. Дар лоиҳаи қарордод аз кишварҳои ҷаҳон даъват шудааст, ки аз ифтитоҳҳи корпусҳои дипломатии кишварашон дар шаҳри муқаддас худдорӣ кунанд.

Аммо раисҷуҳури Амрико Доналд Трапм таҳдид кард: кишварҳоеро, ки аз ин қарор ҷонибдорӣ мекунанд, ИМА маблағгузорӣ нахоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0