Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст: гузориши Вазорати кишоварзии ҶТ аз дастовардҳо

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкУборка урожая, архивное фото
Уборка урожая, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гузорише дастовардҳои худро дар соли рӯ ба анҷом бар шумурдааст

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар ин гузориш, ки дар вебгоҳи расмии Вазорати кишоварзии ҶТ мунташир шуда, гуфта мешавад, ки имсол кишоварзон дар назар доранд 607 534 ҳектор киштзорро шудгор кунанд.

"То 18 декабр 294 598 ҳектор аз он шудгор шуда, ки 48 дарсад аз нақшаро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла, дар вилояти Хатлон 169 814 ҳектор ё 57 дарсад, дар вилояти Суғд 80 277 ҳектор ё 38 дарсад, дар ВМКБ 4 679 ҳектор ё 58 дарсад ва Ноҳияҳои тобеъи марказ 39 828 ҳектор ё 44 дарсад аз заминҳои икшоварзӣ шудгор шудаанд. Бунгоҳҳои кишоварзии кишвар 19 513 адад тракторро омода карда, ки 8 525 адад аз онҳо то имрӯз ба кор сафарбар карда шудааст", — гуфта мешавад дар ин гузориш.

Бар пояи додаҳои Раёсати растанипарварӣ, то 18 декабр дар 149 578 ҳектор замин кишти тирамоҳии зироатҳои ғалладона ва зудрас анҷом шуда, ки 88 дарсад аз нақшаро ташкил медиҳад.

Аз ин миқдор дар 134 042 ҳектор ғалладона, аз ҷумла дар 118 850 ҳектор гандум ва дар 14 853 ҳекторро ҷав кошта шудааст. Ҳамчунин дар 12 839 ҳектор замин сабзавоти зудрас, аз ҷумла дар 9 824 га пиёз, дар 1 505 га сабзӣ, дар 513 га карам ва дар 997 ҳектор дигар тарабори зудрас кошта шуда, 2 799 ҳектор бештар аз кишти порсола аст.

Абдурахмон Кодири. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазири кишоварзии ҶТ раису пахтакорони вилояти Суғдро табрик гуфт

Вазорати кишоварзӣ ҳамчунин гузориш дода, ки то 18 декабр дар кишвар аз 31 020 ҳектор полиз сабзавот ҷамъоварӣ шуд, ки 882 га бештар аз порсол аст. Куллан дар кишвар то кунун 828 238 тонна сабзавот ҷамъоварӣ шудааст, ки 67 713 тонна бештар аз порсол аст ва ҳосилнокӣ аз ҳар ҳектор 267,0 сентнерро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор 404 802 тонна пиёз, 26 230 тонна карам, 145 272 тонна помидор, 49 863 тонна бодиринг,  98 329 тонна сабзӣ ва 103 742 тоннаро дигар тарабор ташкил дод.

Дар ин гузориш ҳамчунин оварда шуда, ки соли 2017 кишоварзон дар 16 907 ҳектор замин зироатҳои полизӣ кошта буданд, ки то 18 декабр ҳосили 16 902 ҳектор аз онро ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳосили умумии ҷамъовардашуда 416 530 тоннаро ташкил дода, 23 512 тонна бештар аз порсол аст. Кишоварзон аз ҳар як ҳектор замин 246 сентнер ҳосил бардоштаанд.

Вазорат гузориш дода, ки то 18 декабр аз боғҳо 182 843 тонна мева ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 213 39 тонна бештар аз ҳосили порсол аст. Аз он ҷумла дар вилояти Суғд — 83 622 тонна, ВМКБ — 8 542 тонна, вилояти Хатлон — 68 056 тонна ва ноҳияҳои тобеъи марказ — 22 623 тонна мева ҷамъоварӣ шуда, ки дар кулл 22 623 тонна бештар аз порсол аст.

Кишоварзони Тоҷикистон ҳамчунин аз токзорҳо 113 790 тонна ангур ҷамъоварӣ кардаанд, ки 20 628 тонна бештар аз порсол аст.

Лентаи хабарҳо
0