ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ба гузориши Вазорати умури хориҷии ҶТ, 21 декабр дар қароргоҳи Созмони милали муттаҳид мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов бо муовини Дабири кулл ва мудири Дафтари зиддитеррористии СММ Владимир Воронков баргузор шуд.
"Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷояро дар самти болозикр мавриди баррасӣ қарор доданд", — гуфта мешавад дар хабаре, ки дафтари иттилоърасонии ВУХ ҶТ мунташир кардааст.
Маҳмадаминов ва Воронков ҳамчунин роҳу чораҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо чолишҳои зуҳуркунанда ба сулҳу субот дар минтақа табодули назар карданд.