Равобити сиёсӣ: Маҳмадаминов Тоҷикистонро бо Белиз ҳам пайваст

© Фото : Пресс-служба МИД РТПостоянные представители Республики Таджикистан и Белиз при ООН Махмадамин Махмадаминов и Луис Мишель Янг.
Постоянные представители Республики Таджикистан и Белиз при ООН Махмадамин Махмадаминов и Луис Мишель Янг. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белиз бо якдигар равобити сиёсӣ барқарор карданд

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Баёнияи муштараки роҳандозии равобити дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Белиз баргузор гардид.

Ба гузориши хадамоти матбуотии Вазорати умури хориҷии ҶТ, Баёнияи муштаракро Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов ва Намояндаи доимии Белиз дар СММ Луис Мишел Янг имзо карданд.

Маросими роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Белиз 21 декабр баргузор шудааст.

Белиз кишваре дар Амрикои Марказӣ ва пойтахташ шаҳри Белмопан аст. Забони расмии ин кишвар инглисӣ аст. Он дар соли 1981 аз Бритониё ҷудо ва мустақил шуда буд, аммо ҳамчунон узви Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуде аст, ки раҳбари он малика Елизавета II аст.

Белиз панҷумин кишваре шуд, ки Тоҷикистон дар моҳи декабр бо он равобити сиёсӣ барқарор кардааст.

Пеш аз ин Тоҷикистон бо Гамбия, БаҳамаҶамайка ва Сент-Винсент ва Гренадин равобити дипломатӣ роҳандозӣ карда буд. 

Лентаи хабарҳо
0