ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. дар ин амалиёт ҳамчунин 9 ҷангҷӯи ин гурӯҳи ҳаросафкани тундрав захмӣ шудаанд, гуфтааст муовини раиси пулиси Пактико ба хабаргузории афғонистонии "Пажвок".
"Дар паи ин амалиёт нерӯҳои амниятӣ бо "Толибон" ду рӯз задухӯрд карда ва саранҷом тавонистаанд ҷангҷӯёни "Толибон"-ро аз ин вилоят берун биронанд", — гуфтааст Додуллоҳхон Ҳутак.
Ду рӯз пеш аз ин Нерӯҳои амниятии Афғонистон яке аз фармондеҳони калидии "Толибон" дар вилояти Ҳиламндро аз миён бурда буданд.
Дар натиҷаи ҳамалоти Нерӯҳои ҳавоии Артиши Афғонистон бар сангарҳои "Толибон" дар вилояти Ҳилманд 4 ҷангҷӯ, аз ҷумла, Қорӣ Фидо Муҳаммад, маъруф ба Мудасир Мавлавӣ, кушта шуд.