ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонааш ба Маҷлиси қонунгузори ҶТ аз санҷишҳои пайдарпаи ниҳодҳои давлатӣ дар ширкатҳову бунгоҳҳои иқтисодӣ нигарон шуд ва дастур дод барои ду сол дар ин замина моратория эълон карда шавад.
Ба гуфти вай, бино бар қонунҳои ҷории кишвар, ҳамакнун фаъолияти бунгоҳҳои иқтисодиро 78 ниҳоди санҷишиву назоратӣ, иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷишу баррасӣ мекунанд.
"Бо сабаби он, ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нӯҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст. Аз ин лиҳоз, зарур мешуморам, ки бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад", — дастур дод раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон дар бахши дигаре аз паёмаш гуфт, аз моҳи сентябри соли 2018 музди кори кормандони давлатӣ аз 10 то 15 дарсад ва ҳуқуқи нафақа ва стипендия низ то 15 дарсад афзоиш хоҳанд ёфт.