ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Додгоҳи вилояти Маскав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Табаровро дар фурӯши маводи мухаддир муҷрим шинохт ва маҳкум ба ҳабси модомулумр кард.
"Додгоҳ Табаровро маҳкум ба ҳабс то поёни зиндагӣ дар зиндони шадиднизом кард", — гуфтовард кардааст хабаргузории РИА Новости сухангӯи Додгоҳ Наталия Осиповаро.
Вай ҳамчунин гуфтааст, ки 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки ҳамдасти Табаров буданд, низ ҳар кадоме аз 6 то 25 сол аз зиндагияшонро дар зиндон хоҳанд гузаронд.
Ин шаҳвандон ҳама дар ташкили гурӯҳи табаҳкори созмонёфта, қочоқ ва фурӯши маводи мухаддир муҷрим шинохта шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Шералӣ Табаров дар соли 2003 низ ба ҳукми Додгоҳи вилояти Уляновск ба ҷурми қочоқи маводди мухаддир маҳкум ба 10 сол зиндон шуда буд. Вале бо дархости мақомоти ҶТ ӯро ба Тоҷикистон вогузор карданд ва пас аз чанд сол Табаров бо авфи умумӣ ба озодӣ расид.
Вай чандин бор бо гузарномаи сохта ба Русия рафту омад карда дар ин муддат ин гурӯҳи табаҳкорро созмон дода, ки маводди мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистону Русия қочоқ мекард. Чунончи, дар яке аз мавридҳо ин гурӯҳ дар худравҳои боркаш дар миёни меваҳо 600 килуграм маводи мухаддирро ба Русия қочоқ карда буд.