Истеъфои раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ

© Sputnik / Дмитрий АстаховМужчина закрывает портфель, архивное фото
Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дуйшенбек Зилалиев пас аз қазияи маълумоти ғалат дар бораи гузоштани бомб дар роҳрави раисҷумҳур Сооронбой Жээнбеков ифтеъфо дод

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Муовини пешини нахуствазири Қирғизистон, раиси Бунёди мудирияти дороиҳои давлатӣ Дуйшенбек Зилалиев истеъфо дод.

Ин истеъфо дар паи қазияи маълумоти бардурӯғи Дуйшенбек Зилалиев оиди гузоштани бомб дар роҳрави раисҷумур Сооронбой Жээнбеков дар рӯзи ёдкарди қасам, сурат гирифт.

"Чанде пеш ман гӯё қаҳрамони парвандаи ҷиноие дар бораи маълумоти бардуруғ шудам. Ин хабар дар ҷомеа тез паҳн шуду расонаҳо номи маро доғдор карданд. Ин рухдод, албатта ба шаъну шарафи ман зарар расониду муҳимтар аз ин ҳукумати Қирғизистонро дар маҷмӯъ доғдор кард. Дар чунин ҳолат ба истеъфо рафтанро пеш аз баррасии қазия қарори одилона мешуморам ва аризаи худро ба сарвазир пешниҳод кардам", — омадааст дар муроҷиатномаи раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ.

Аллея молодежи и панарамный вид на город Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Барканории вазир дар паи бозгӯронии ҷасади мумиёшуда

Ҷанҷол бо ширкати раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ рӯзи 24 ноябр дар маросими ёдкарди савганди раисҷумҳури нав Сооронбой Жээнбеков барпо шуд. Қазия аз ин ҳол буд, ки пеш аз маросими ёдкарди савганд як донишҷӯи Донишгоҳи низомӣ ба раҳбарият хабари гузоштани бомбро дар роҳрави раисҷумҳур гуфт. Ӯ гуфта буд, ки ин хабарро ба ӯ раиси раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ гуфт.

Худи раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ин айбдориро рад мекунад. Ба гуфти раис ӯ савори мошине аз назди донишҷӯ мегузашту назараш ба пӯшоки ӯ афтид, ки хеле зебандааш буд. Ӯ гуфта, ки пулиси оянда ӯро нодуруст фаҳмида ба ҷои пӯшок "бомба" шунидааст.

Кумитаи амнияти миллӣ аз рӯи қазияи маълумоти бардурӯғ дар бораи гузоштани бомб дар роҳрави раисҷумҳур, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Дуйшенбек Зилалиев пеш дар вазифаи муовини нахуствазир хизмат мекарду пас аз се моҳ аз ин симат барканор ва ба курсии раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ такя зад.

Лентаи хабарҳо
0