ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Вазири фарҳанг, маълуот ва гардишгарӣ-Туғолбой Қазоқовро ба далели гӯронидани ҷасади мумиёшуда аз симат барканор карданд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуотии раисҷумҳур хабар медиҳад.
Далели барканории вазири фарҳанг аз симаташ бозгӯронии ҷасади мумиёшуда дар вилояти Ботканд шудааст.
Ҷасади мумиёшударо рӯзи 14 октябр бозгӯронидаанд. Далели бозгӯронии ҷасадро бошад мақомот нагузаронидани пажӯҳиш дар тӯли 60 сол ба далели набуди таҷҳизоти зарурӣ гуфтааст.
Ҳамчунин ба хотири дар ҳолати хуб нигоҳ доштани ҷасади мумиёшуда, лозим буд, ки тадриҷан ҷасад бо маҳлулҳои лозима коркард шавад, ки ин корҳо низ аз ҷониби ккормандони осорхона ба далели набуди он анҷом дода нашудааст.
Худи вазир пештар гуфта буд, ки барои бозгӯронии ҷасади мумиёшуда қарори дуруст қбалу кардааст ва бигзор ба ин далел ӯро аз вазифа барканор кунанд.
"Нигоҳдории ҷасад-ин вандализм аст. Мо дар бораи ин ҷасади мумиёшуда маълумоти кофӣ надорем, ба гардишгарон чӣ бояд бигӯем? Агар олимон хостори пажӯҳишу омӯзишаш шаванд, метавонем аз қабр берунаш биёрем… Ман монда шудам, бигзор чӣ коре хоҳанд бикунанд", — гуфт Қазоқов.
Билохира ҷасади мумиёшударо дар Қара-Булоқ гӯр карданду вазири фарҳангро аз вазифа барканор.
Акнун вазифаи вазири фарҳанги Қирғизистонро Султон Ҷумъагулов гирифт.