Эълони қатъи обрасонӣ дар Душанбе

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВодопроводный кран, архивное фото
Водопроводный кран, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз 20 декабр то 21-уми ҳамин моҳ дар бархе аз хиёбону маҳаллаҳои пойтахт обрасонӣ муваққатан қатъ мешавад

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, обрасонӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино муваққатан қатъ мешавад.

"Интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои 92, 82, 101, 102, 112, Испечак-1,2, Қазоқон-1,2, Ободкорон, Бунёдкорон ва кӯчаи Н.Махсум аз соати 2200 рӯзи 20 декабри соли 2017 то соати 2400 рӯзи 21 декабри соли 2017 қатъ мегардад", — омадааст дар эълом.

Водопроводный кран - Sputnik Тоҷикистон
Эълони қатъи обрасонӣ дар Душанбе барои як шабонарӯз

Аз сокинони маҳаллаҳои мазкур хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Дар ин росто раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода ва мудири Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе" дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда вазифадор шудаанд, ки бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

Гуфта мешавад, ки обрасонӣ бо мақсади пайваст намудани қубурҳои хобонидашудаи қутрашон 600 мм ба қубурҳои амалкунанда дар иншооти "Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – Турсунзода – сарҳади Узбекистон (аз пайкараи А.Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе), мавқеи километрҳои аз 1,2 то 1,9 хиёбони Н.Махсум" қатъ мешавад.

Лентаи хабарҳо
0