ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, обрасонӣ аз истгоҳи обтаъминкунии "Ҷанубӣ-Ғарбӣ" қатъ мешавад.
Аз соати 23:00 рӯзи 11 октябр то соати 24:00 рӯзи 12 октябр аз истгоҳи "Ҷанубӣ-Ғарбӣ" обрасонӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсӣ;
— ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва Ханжин қатъ мешавад.
"Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикр-гардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира намоянд", — омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад, ки обрасонӣ бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии "Обу корези Душанбе"қатъ мешавад.