Мушаррафа Қосимова: ташаккур, ки маро ёд кардед, сарам ба осмон расид

© Фото : Министерство культуры РТМинистр культуры в гостях у таджикской актрисы Мушаррафа Касымова
Министр культуры в гостях у таджикской актрисы Мушаррафа Касымова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 19 декабр собиқадорони соҳаи фарҳанг бо раҳбарии вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба дидорбинӣ ва табрики Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мушаррафа Қосимова рафтанд

ДУШАНБЕ, 20 дек— Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанг гузориш медиҳад.

Мушаррафа Қосимоваро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон дирӯз 19 декабр ба синни мубораки 100 солагӣ қадам ниҳод.

Манбаъ меафзояд, ки Мушаррафа Қосимова аз дидори дӯстону ҳамкасбон ва шогирдонаш хеле хурсанд гардид.

"Ташаккур, ки маро ёд кардед, сарам ба осмон расид. Ташрифи шумо барои ман нерӯи нав мебахшад", —гуфтааст Қосимова.

Актеры театра посетили актрису Мушаррафу Касымову - Sputnik Тоҷикистон
Ҳуҷаста бод!: Модари тоҷик 99-сола шуд

Мушаррафа Қосимоваро Арбоби ҳунари Тоҷикистон Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Фотима Ғуломова, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, директорони театрҳои пойтахт ва дигарон бо зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом ва хушбахтии аҳли хонаводаро таманно намуданд.

"Тамоми кормандони театри кишвар шуморо устод ва модари худ медонанд", — гуфтааст вазири фарҳанг ва афзудааст, ки аҳли театри тоҷик бо Мушаррафа Қосимова ифтихор мекунанд.

Фотима Ғуломова аз солҳои аввали фаъолияташ дар театр ёдовар шуда, нақл кардааст, ки Мушаррафа Қосимова дар ҳаёт модари дуввуми ӯ аст.

"Модари ман дар театр Мушаррафа-ойтӣ ҳастанд, ки ба ман нозукиҳои касбро омӯхтаанд. Мушаррафа-ойтӣ ҳамеша беҳтарин маслиҳатгар, дӯст ва устоди ман ҳастанд. Ман хеле хушбахтам, ки аз нақшофариҳои якҷоя дар намоишҳои бешумор ва сафарҳои ҳунарӣ бо ин инсони наҷиб хотироти ғанӣ дорам" — гуфтааст Фотима Ғуломова.

Мушаррафа Қосимова гуфтааст, ки дар хонаи ӯ ҳамеша фазои театр эҳсос мешавад.

"Аз аксҳо ва мусаввараҳои атроф худатон метавонед хулоса бароред, ки ман доимо бо театр ҳастам".

манбаъ афзуда, ки Мушаррафа Қосимова даст бар дуо кушода, тамоми меҳмонон ва кормандони соҳаи фарҳангро дуои нек гуфт ва рушди фарҳанг ва санъати театриро таманно намудааст.

Лентаи хабарҳо
0