ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Бино ба гузориши дафтари матбуоти ширкати IRS дар Тоҷикистон, санаҳои 11-12-уми январ ҳаракат дар роҳи Душанбе-Чаноқ (Хуҷанд) дубора хатарнок мешавад.
Аз ҳамин лиҳоз, ширкат аз тамоми мусофирон хоҳиш намудааст, ки дар тайи ин рӯзҳо аз ҳаракат ба самти Хуҷанд ё Душанбе худдорӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки танҳо дар моҳи январи соли 2017 дар ҳудуди кишвар 244 ҳолати тармафароӣ, аз ҷумла 152 ҳолат дар ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 22 ҳолат дар ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, шаҳри Роғун ва 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуд.
Бар асари офати табиӣ дар ноҳияи Варзоб 9 нафар шаҳрвандон, 3 нафар дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва як нафар дар ноҳияи Тоҷикобод ба ҳалокат расиданд.
Таҳлилҳои панҷ соли охир нишон медиҳанд, ки бинобар тағйир ёфтани иқлим ба вуҷуд омадани ҳодисаҳои табиӣ сол то сол афзоиш меёбад.
Дар панҷ соли охир дар кишвар 603 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 127 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти кишвар 600 миллион доллари амрикоӣ зарар ворид гардидааст.
Аз шумораи умумии одамони аз офатҳои табиӣ ҳалокгардида ба омадани сел 38 нафар, ба ҳодисаҳои ярч ва сангрезӣ 23 нафар ва ба тармафароӣ 23 нафар рост меояд.
Аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ аз ҳама бештар сел ба қайд гирифта шудааст, ки 34 фоизи ҳолатҳои фавқулодаро ташкил медиҳад.
Ҷоизи қайд аст, ки рӯзи гузашта президенти Тоҷикистон марбут ба тармафароиҳои вақтҳои охир дар Тоҷикистон ва хисоротҳои ҷониву иқтисодӣ маҷлиси Комиссияи давлатии ҶТ оид ба ҳолатҳои фавқуллодаро ташкил намуда, дар он масъулини соҳаро фазифадор намуд, ки пурра аз пайи бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ шаванд.