ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати корҳои дохилӣ гузориш медиҳад.
Ба гузориши манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳ ва хариду фурӯши одамон муҳокима кардаанд.
"Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо мубодилаи иттилооти фаврӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд", —омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин доир ба таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз қабили ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва пешгирию муборизаи дастаҷамъона дар ин самт таклифҳои судманд пешниҳод шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ иброз доштанд.